Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони партоби мушаки Кореяи Шимолӣ бештар шудааст


Бино ба гузоришҳо, Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико назорат бар омодагиҳои муҳорибавии якдигарро бештар кардаанд. Нишонаҳои он мушоҳида шудааст, ки Кореяи Шимолӣ мумкин аст озмоиши мушакӣ анҷом диҳад.

Дар гузоришҳо аз қавли мақомоти расмии Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико омадааст, ки Кореяи Шимолӣ дастикам ду мушаки миёнбурдро барои партоб омода кардааст.
Баъд аз ташдиди таҳримҳо бар зидди Кореяи Шимолӣ баъд аз севвумин озмоиши ҳастаӣ дар моҳи феврал ин кишвар борҳо ба чунин таҳдидҳо такя кардааст.

Рӯзи сешанбе Кореяи Шимолӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳушдор дод, ки ба сабаби хатари ҷанг Кореяи Ҷанубиро тарк кунанд. Кореяи Шимолӣ ба сафоратҳои хориҷӣ пешниҳод кардааст, ки то рӯзи чаҳоршанбе пойтахти ин кишварро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG