Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар бозӣ бо “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб дониста шуд.

Ёдовар мешавем, баъди анҷоми бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - «Истиқлол» ва «Вахш», ки 6-уми апрел дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт, дастаи мизбон ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътироз навишта буд.

Дар он гуфта мешавад, ки ду бозигари «Вахш» - дарвозабон Силванус Ивансгбетӣ (легионери 20-солаи африқоӣ аз Гана) ва нимҳимоятгар Камолҷон Ортиқов (капитани даста) ҳуқуқи ба майдон омаданро надоштанд. Зеро ки дар шаҳодатномаи ширкаткунандаи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ё корти ID норасоиҳо мавҷуд буданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ин масъала дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи ФФТ 9-уми апрел баррасӣ шуд. Бар асоси регламент ё дастури мусобиқа дастаи «Вахш» ба ҷуз бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3, инчунин, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Кумитаи назорату ахлоқи ФФТ, ҳамчунин, ба кумитаи доварону нозирони ФФТ пешниҳод кард, ки нозири доварони бозии “Истиқлол” - “Вахш” Шавкат Сатторов ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ба ғайр аз ин кумитаи назорату ахлоқи ФФТ дар бораи муҷозоти бозигароне, ки дар бозиҳои даври аввали мусобиқа кортҳои сурх гирифтаанд, тасмим гирифт.

Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”, барои рафтори ношоистааш муқобили рақибаш дар бозӣ бо тими “Вахш” аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум ва ба маблағи 2500 сомонӣ ҷарима андохта шуд.

Футболбозони дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд - Маҳмадалӣ Содиқов ва Ҷамолиддин Зардиев, ки барои ду корти зард дар бозӣ бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз майдон хориҷ шуданд, дар як бозӣ иштирок намекунанд ва ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 1 1 0 0 3-0 3
2. «Хайр» 1 1 0 0 2-0 3
3. «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
4-7. «Истаравшан» 1 0 1 0 0-0 1
4-7. «Парвоз» 1 0 1 0 0-0 1
4-7. ССКА «Помир» 1 0 1 0 0-0 1
4-7. «Энергетик» 1 0 1 0 0-0 1
8. «Хуҷанд» 1 0 0 1 0-1 0
9. «Панҷшер» 1 0 0 1 0-2 0
10. «Вахш» 1 0 0 1 0-3 0
11. «Равшан» 0 0 0 0 0-0 0

Даври 2-юм
13-уми апрел (шанбе)

«Хуҷанд» - «Парвоз». Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
«Вахш» - «Хайр». Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи “Пахтакор”.

14-уми апрел (якшанбе)
«Равшан» - «Энергетик». Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.
«Панҷшер» - «Истиқлол». Ҷалолиддини Румӣ. Варзишгоҳи марказӣ.

Оғози бозиҳосоати 16.00.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG