Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯлоб. Раиси пешин замин дод, раиси феълӣ эътироз кард


Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб дар нисбати қарори раиси собиқи ин шаҳр, ки бар асоси он ба беш аз 100 хонавода дар мавзеи Зиракӣ қитъаи замин ҷудо кардааст, эътироз намуд. Раиси шаҳри Кӯлоб рӯзи сешанбеи 9-уми апрел зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи шаҳр сабаби эътирози худро ба он рабт дод, ки ин мавзеъе аст, ки соли 2010 сел зарар расонидааст ва сохтмони манзили истиқоматӣ дар онҷо номумкин аст. Ба ин далел, ҷаноби Раҳмонов додситони шаҳри Кӯлобро муваззаф кард, ки ин қазия мушикофона мавриди омӯзиш қарор бигирад ва натиҷаи он пешниҳод гардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамакнун сокинон дар ин мавзеъ ба сохтмони манзили истиқоматӣ машғуланд. Абдуғаффор Раҳмонов, гуфтааст, ки дар сурати пеш омадани офати табиӣ дар ин мавзеъ, масъулияти он бар дӯши раиси пешин аст. Зимнан, соли 2010 дар пайи обхезӣ, ин мавзеъро сел зада буд ва оби сойи Тебалай низ мустақим аз ин минтақа мегузарад.
XS
SM
MD
LG