Пайвандҳои дастрасӣ

Дарахтони 4 қитъаи олам ба ҷои чинорҳо дар Кӯлоб?


Дар Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб мутобиқати ниҳолҳои чаҳор қитъаи олам ба муҳити Кӯлоб мавриди санҷиш қарор гирифтааст. Тилло Бобоев, раиси Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкан аз Австралия, Африқо, Амрико ва Аврупо ба Кӯлоб оварда шудаанд. Раиси боғ мегӯянд, ин ниҳолҳо ҳам шинонида ва ҳам пайванд мешаванд. Аммо Тилло Бобоев гуфт, ки дар сурати мутобиқат, ин ниҳолҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, ҷойгузини чинорҳо хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG