Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тири тӯпхона ду қирғизро кушт


Дар натиҷаи таркиши тири тӯпхона дар шаҳри Бишкек ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Раиси полиси пойтахти Қирғизистон Мелис Турганбоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиш рӯзи сешанбе дар ноҳияи Ленини Бишкек ба вуқӯъ пайваст ва зоҳиран қурбониҳо саъй доштанд, ин тир ё худ снарядро ба макони ҷамъи филизот интиқол диҳанд. Дар наздикиҳои макони таркиш боз ду тири дигари тӯпхона ёфт шудааст. Маълум нест, ки ин тирҳо аз куҷо ҳастанд.
XS
SM
MD
LG