Пайвандҳои дастрасӣ

СММ Кореяи Шимолӣ бояд иғворо бас кунад


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун мегӯяд, як ҳодисаи хурд метавонад боиси зуҳури “вазъи ғайри қобили назорат” дар нимҷазираи Корея шавад. Рӯзи сешанбе аснои суханронӣ дар пойтахти Италия Бан гуфт, ки Кореяи Шимолӣ бояд аз таҳаммул кор гирад:
Мақомоти Пхенян бояд бубинанд, ки дар дунё чӣ вазъе ба амал омадааст. Онҳо бояд бубинанд, ки ҷаҳонишавӣ ба мардуми саросари олам рушду некӯаҳволӣ меорад ва онҳо низ бояд дар фикри некӯаҳволӣ ва рушди мардум шуда, афзоиши ташаннуҷ ва иғворо канор гузоранд.”
Ҳушдори дабири кулли СММ дар ҳоле нашр шудааст, ки Кореяи Шимолӣ ба хориҷиён дар Кореяи Ҷанубӣ таъкид кардааст, ки дар сурати сар задани ҷанг амнияти онҳо зери хатар хоҳад буд. Ҳафтаи гузашта мақомоти Пхенян ба дипломатҳои мустақар дар Кореяи Шимолӣ машварат доданд, ки ба ватанҳояшон баргарданд.
Иқдомҳои ахири Кореяи Шимолиро Вашингтон ҳам танқид кардааст. Рӯзи сешанбе фармондеҳи ситоди нерӯҳои ИМА дар минтақаи уқёнуси Ором адмирал Самюэл Локлир гуфт, ба фикри ӯ мушакҳои Кореяи Шимолӣ бояд дар сурате сарнагун карда шаванд, ки ба ИМА ва ё муттафиқони Вашингтон таҳдид намоянд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG