Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави ИМА ва Исроил ба Эрон


ИМА ва Исроил ба Эрон ҳушдор доданд, ки барои соҳиби силоҳи ҳастаӣ шуданаш имкон нахоҳанд дод. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи сешанбе дар Байтулмуқаддас гуфт, ки музокироти Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон наметавонад беохир идома кунад..

Дар нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Исроил Бенянмин Нетаняху ӯ ҳамчунин изҳор намуд, Амрикову Исроил барои эҳёи раванди сулҳи Ховари Миёна, ки аз моҳи сентябри соли 2010 мутаваққиф шудааст, талошҳои нав ба харҷ хоҳанд дод.

Ҷон Керрӣ дар идомаи сафари даҳрӯзааш ба Осиёву Аврупо имрӯз вориди Лондон мешавад. Қарор аст, ки ӯ рӯзҳои 10 ва 11 апрел дар ин шаҳр дар нишасти вазирони умури хориҷии ҳаштгона ё G8 ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG