Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чор хориҷӣ дар Тюмен бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия иддао доранд, ки чор узви созмони мамнӯи Ҳизби Исломии Туркистонро боздошт кардаанд. Дар хабари оҷонсии ИТАР-ТАСС гуфта мешавад, ки ин афрод аз миёни панҷоҳ шаҳрванди Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон мушаххас шуданд, ки дар як амалиёти зидди тундгароии мазҳабӣ, дар беруни Тюмен ба даст афтоданд. Ин гурӯҳи боздоштшудаҳо муқаррароти буду бошро дар Русия вайрон карданд, мегӯянд мақомот. Дар яке аз манзилҳои дачаи хусусие, ки ин афрод боздошт шуданд, як хона ба унвони ибодатгоҳ истифода мешуд. Дар баробари ин, дар дохили ин сохтмон гӯё адабиёти мамнӯи хусусияти тундгароӣ дошта ва беш аз 200 сим-картаи телефони ҳамроҳ ошкор ва мусодира шудааст. Аз миёни ин афроди боздоштшуда, 20 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, 8 нафар бо қарори додгоҳ бояд аз қаламрави Русия ихроҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG