Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як сокини Душанбе бо беш аз 600 грамм симоб


Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб аз як сокини Душанбе беш аз 600 грамм симоб дарёфт карданд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз, 9-уми апрел иттилоъ дод, ки рӯзи якшанбе кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб Маҳмудов Аҳтам, сокини пойтахтро дар минтақаи Варзоб боздошт карданд, ки ҳангоми кофтуков аз борхалтаи ӯ 642,3 грамм маводи заҳрогини симоб (ртут) пайдо шудааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар як соли ахир ҳодисаҳои қочоқи симоб дар Тоҷикистон ва кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон берун бурдани он бештар шудааст.

Кормандони Оҷонсии зидди қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон иттилоъ дод, ки як моҳ қабл дар таърихи 13-уми марти соли равон чунончӣ, бо гумони паҳн намудани маводи мухаддир кормандони Бахши зудамали Оҷонсӣ дар истгоҳи Роҳи оҳани пойтахт ба гумони фурӯши моддаи заҳрогини симоб, сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғдро дастгир карданд ва аз ӯ ба миқдори 500 грамм симоб кашфу муодир гардид.

Ба иттилои Оҷонсии зидди қочоқи маводи мухаддир, симоб шомили моддаҳои заҳрогини хатарноки навъи аввал мебошад.Тибқи меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ, нигаҳдории симоб дар минтақаи корӣ набояд аз 0,017 мг ба м3 бештар бошад. Ин ба он маъност, ки симоби аз як ҳароратсанҷ хориҷшуда метавонад 10 млн м3 ҳаворо заҳролуд кунад.
XS
SM
MD
LG