Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи додгоҳии Мушарраф мавқуф гузошта шуд


Рӯзи сешанбе, 9 апрел, Додгоҳи Олии Покистон муҳокимаи парвандаи раисиҷумҳури пешин Парвиз Мушаррафро то шаш рӯзи дигар мавқуф гузошт. Чанд рӯз пеш Додгоҳи Олӣ барои баррасии парвандаи Мушарраф аз рӯи банди «хиёнат ба Ватан» розӣ шуда буд. Гурӯҳи додрасҳо сарвари пешини кишварро дар он айбдор мекунанд, ки ду бор ғайриқонунӣ амали Қонуни асосӣ боз дошта буд.

Дар муҳокимаи рӯзи сешанбе худи Мушарраф ширкат надошт. Додгоҳ талаби вакилони дифои ӯ дар мавриди то анҷоми интихоботи парлумонӣ мутаваққиф сохтани баррасии парвандаро рад кард.

Парвиз Мушарраф рӯзи 24 март, баъд аз чаҳор соли ғурбати ихтиёрӣ, ба Покистон баргашт. Алайҳи раисиҷумҳури пешин аз рӯи чанд иттиҳоми дигар, аз ҷумла, даст доштан дар марги нахуствазири пешини Покистон Беназир Бҳутто дар соли 2007, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
XS
SM
MD
LG