Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Қазоқистон ба Тоҷикистон меояд


Адилбек Ҷахсибеков вазири дифои Қазоқистон барои як сафари расмии дурӯза дар авоили ҳафтаи оянда вориди Душанбе мешавад.

Фаридун Маҳмадалиев сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар доираи ин сафар дар назар аст Адилбек Ҷахсибеков бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва бо вазирони дигар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.
Ба қавли Фаридун Маҳмадалиев дар дидори Вазирони дифои Тоҷикистону Қазоқистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши низомӣ ва баргузор кардани машқҳои низомии муштарак баррасӣ мешаванд.
Дар моҳи ноябри соли гузашта вазорати дифои Тоҷикистон бо Қазоқистон машқи низомии мушатарки десантии неруҳои мусаллаҳи ҳар ду кишварро дар масъалаи зидди терроризм баргузор карданд.
Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи Созмони паймони ҳамкориҳои дастиҷамъии кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Созмони Шонҳой ва ҳамчунин дар доираи созишномаҳои дуҷониба ҳамкории фаъоли низомӣ доранд
XS
SM
MD
LG