Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод: "Интихобот дар Эрон бозии сиёсӣ нест"


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон

Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти Эрон мегӯяд, интихобот дар Ҷумҳурии исломӣ, бозии сиёсӣ нест.

Ӯ рӯзи душанбе интихобот дар низоми Ҷумҳурии исломиро дорои «асолат» хонд ва гуфт, «кишвар бояд бо такя ба иродаи умумӣ ва мардум идора шавад.»

Ба гузориши хабаргузории расмии ИРНА, оқои Аҳмадинажод, ки дар ҷамъи мақомоти давлатӣ суҳбат мекард, изҳор дошт: «Интихобот дар Ҷумҳурии исломӣ як абзори сиёсӣ дар дасти сиёсатмадорон ва қудратмандон ва намоиши демократия ва бозии сиёсӣ нест.»

Ӯ ҳамчунин бо ишора ба интихоботи раёсати ҷумҳурии дар пешистодаи Эрон ба ҳузури «ҳама нерӯҳо» дар он таъкид кард то мардум битавонанд аз миёни номзадҳо, беҳтаринро интихоб кунанд.

Ин суханон дар ҳоле баён мешавад, ки сиёсатмадорони наздик ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, оқои Аҳмадинажодро ба ҳимоят аз Исфандиёр Раҳим Машшоӣ, ба унвони «номзади давлат» муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки давлат дар садади заминасозӣ барои пирӯзии оқои Машшоӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи июн аст.

Аз ҷумла Муҳаммадризо Боҳунар, ноиби раиси Маҷлис ё парлумони Эрон чанде пеш зимни ҳушдор ба Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки таблиғоти ӯ барои Исфандиёр Раҳим Машшоӣ ва истифода аз имконоти давлатӣ дар ин замина, «ҳам хилофи шаръ аст ва ҳам хилофи қонун.»

Алӣ Акбар Вилоятӣ, мушовири Оятуллоҳ Хоманаӣ, низ ки майл дорад дар ин интихобот ширкат намояд, ахиран аз он чӣ «истифода аз имкониятҳои давлатӣ барои таблиғи як номзади хос» хонд, интиқод кард ва онро «ҳаром» донистааст.

Муҳофизакорони наздик ба раҳбари Эрон ҳамчунин Исфандиёр Раҳим Машшоиро раҳбари «ҷараёни инҳирофӣ» меноманд ва мегӯянд, ки ин ҷараён талош мекунад Маҳмуди Аҳмадинажодро дар баробари оқои Хоманаӣ қарор диҳад.

Ёздаҳумин интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон моҳи июн баргузор мешавад ва чеҳраҳои бисёре аз миёни муҳофизакорон тамоюл нишон додаанд, ки дар он ширкат намоянд.

Дар айни ҳол, Мирҳусайни Мусавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, ду номзади ислоҳталаби интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2009 дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд ва ҳамин масъала ҳузури ислоҳталабон дар ин интихоботро ба норӯшаниҳо рӯбарӯ кардааст.

Агарчи рӯзҳои ахир бархе гуруҳҳо аз Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон барои ҳузур дар ин интихобот даъват кардаанд, вале ӯ то кунун ба ин даъватҳо посухе надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG