Пайвандҳои дастрасӣ

Саргсян ба ҳайси сарвари Арманистон савганд ёд кард


Серж Саргсян

Дар Ереван маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд. Саргсян даст рӯи Қонуни асосӣ ва Тавроти қарни 7, ки ба забони арманӣ китобат шудааст, савганд ёд кард. Сипас католикоси ҳама арманиҳо Гарегини Дуюм ба ӯ дуои нек дод.

Серж Саргсян бори дуввум сарвари кишвар интихоб шудааст, ӯ аз соли 2008 раҳбарии Арманистонро бар дӯш дорад. 18 феврали соли 2013 дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ Саргсян бо дарёфти тақрибан 59 дар сади раъйҳо пирӯз шуд. Рақиби ӯ Раффӣ Ованесян, ки бар пояи иттилои пешакӣ, аз пуштибонии тақрибан 37 дар сади интихобкунандагон бархурдор шудааст, шикасти худро эътироф накардааст ва иддао дорад, ки мардум маҳз ӯро сарвар интихоб кардааст.

Имрӯз ҳукумати Арманистон ба истеъфо рафт. Кобинаи нав бист рӯз баъд аз таъин шудани нахуствазири нав аз сӯи раисиҷумҳур ташкил мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG