Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Вақте марзбон ба ҳоҷатхона рафт, марз бесоҳиб монд...”


Чанд дақиқа беназорат боқӣ мондани марзи байни Тоҷикистону Афғонистон, сабаби қочоқи зиёда аз 100 000 сомонӣ мол гаштааст. Посбони гузаргоҳ ба ҳоҷатона рафтааст ва қочоқбарон аз фурсат истифода кардаанд.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ собиқ назоратчии калони гузаргоҳи марзии Ишкошим Баҳром Ғоибовро бо иттиҳоми “хунукназарӣ дар иҷро вазифаи хидматӣ, ки боиси расондани "зарари калони моддӣ шудааст”, муҷрим дониста, ба андозаи 100 маоши ҳадди ақал ҷарима баст. Ба гуфтаи додгустари додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ Дилшод Сангов, маблағи ҷарима ҳудуди 4500-5000 сомониро ташкил медиҳад.

Назоратчии калони постгоҳи Ишкошим ба он муттаҳам шуд, ки шахсияти ронандаи автомашинаи борбари ба гузаргоҳи марзӣ воридшударо муайян накард, аз ӯҳдаи муҳофизати иншооти махсуси ба вай вогузоршуда набаромадаааст ва дар натиҷа автомашинаи ҳомили моли тиҷоратӣ бе иҷозат марзи байни Тоҷикистону Афғонистонро убур карда карда, ба ҳудуди кишвари ҳамҷавор гузаштааст. Маблағи умумии моли қочоқӣ 107 183 сомонӣ муайян гардида, гуфта мешавад, ки ба давлат аз ҳисоби напардохтани боҷи гумрукӣ 333, 67 сомонӣ зарари моддӣ расонда шудаст.

Автомашина дар ҳоле марзрро убур кардааст, ки гузаргоҳи марзии байни ду кишвар чанд дақиқа бе назорат мондааст. Зеро тибқи баёноти масъули гузаргоҳи марзӣ вай посбони ғав (шлагбаум)-ро барои ба ҳоҷатҳона рафтан иҷозат дода, худ барои иҷрои вазифаи хидматӣ ба утоқи кориаш даромадааст. Пас аз чанд лаҳза дидааст, ки афроди масъули сарҳадоти ҷониби Афғонистон пешопеш ва автомашинаи борбар таҳти идораи ронанда Шарипов аз қафои онҳо ба ҳудуди ҶИА гузаштааст.
Вале дар қаламрави Афғонистон пулис ба далели дар бордони автомашина мавҷуд будани машруботи спиртӣ ронандаро боздошт намуданд.

Ба иттилои ин манобеъ, пулиси кишвари ҳамҷавор автомашинаро бо 18 ҳазор дона машруботи спиртӣ оташ зада, ронанда ва соҳиби мол-соҳибкори тоҷик Нуровро ба ҳабс гирифтаанд. Пас аз нӯҳ моҳ дар маҳбаси Афғонистон соҳибкори тоҷик озод гардида, ронанда, ки ба муддати 8 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд, пас аз адои бештар аз як соли ҷазо дар маҳбаси кишвар ҳамҷавор ба мақомоти Тоҷикистон дода шуд. Мақомоти назорати молиявӣ ва мубориза бо корруписяи ВМКБ гуфтанд, ки ҳодиса моҳи сентябри соли 2011-ум рух додааст, вале тафтиши парвандаи мазбур бинобар дар зиндони кишвари ҳамҷавор қарор доштани бархе аз муттаҳамон ва шоҳидони асосӣ кашол ёфтааст.

Коршиносон бовар надорад, ки дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мавридҳое мешаванд, ки ҳар боре сарбоз ба ҳоҷатхона рафтан хоҳад, марзи байни ду кишвар муддате беназорат мемонад ва тахмин мезананд, ки ҳодиса бо маслиҳати пешакии сарҳадбонони ду тараф сурат гирифта, нишонаи мавҷудияти коррупсия байни афсарони дар гузаргоҳҳои марзии байни ду кишвар мебошад.

Аммо додситони горнизони ҳарбии Хоруғ оқои Мамадалӣ Бобоев гуфт, ки дар тӯли қариб ду соли тафтишоти парванда дар амали масъули гузаргоҳи марзӣ фасод ва сӯистифода аз ваколати хидматӣ ошкор нашудаааст ва онҳо ҳукми додгоҳро дуруст мешуморанд.
XS
SM
MD
LG