Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи конҳои нав ва корхонаи тавлиди уран дар Эрон


Дар Эрон истихроҷи уран аз ду кони нав оғоз ёфт ва ҳамзамон маҷмааи тавлиди уран ифтитоҳ шуд. Ба иттилои хабаргузории ИРНА, конҳои уран дар канори шаҳри Саганда, дар вилояти марказии Язд ҷойгир шудаанд. Дар маросими оғози кор дар конҳои нав раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат дошт.

Маҷмааи тавлиди уранро дар шаҳри Ардакон, воқеъ дар 120 километрии ин конҳо, бунёд кардаанд. Қарор аст, дар корхона ҳар сол то 60 тонна консентрати уран тавлид шавад, ки баъдан дар ғанисозии ураниум истифода хоҳад шуд.

Шурӯи кор дар конҳои нав ва ифтитоҳи корхонаи тавлиди уран ба Рӯзи фановариҳои ҳастаии миллӣ рост омад.

Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон даври навбатии музокирот миёни Эрон ва “шашгона” – ИМА, Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон бентатиҷа поён ёфт. Гуфтушунид бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG