Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Белгия


Дар сафар ба Бруссел раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти расмии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид хоҳад кард.

Субҳи 9-уми апрел, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми як сафари расмӣ, ба Белгия сафар кард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 9 апрел ба "Озодӣ" гуфт, сафари президенти Тоҷикистон дар Белгия тайи ду рӯзи оянда идома хоҳад кард. Дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти Белгия ва ҳамчунин раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс дидору гуфтушунид хоҳад дошт.
Интизор меравад дар мулоқоти раҳбари давлати Тоҷикистон бо мақомоти расмии Белгия вазъи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014, хатари афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва убури гурӯҳҳои мусаллаҳи тундгаро, муносибатҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон ва интихоботи президентии Тоҷикистон баррасӣ шаванд.

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Белгия бо даъвати Белгия анҷом мешавад. Ҳанӯз моҳи майи соли гузашта муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Белгия Дидйе Рейндерс дар боздиде аз Душанбе, изҳор дошта буд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикстонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Белгия даъват намудааст. Баррасии бархе аз масъалаҳои зикршуда дар он боздид оғоз гирифта буд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари Белгия вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG