Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе музоядаи рақамҳои "шик" баргузор мешавад


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки рӯзи 13 апрел барои хоҳишмандон шумораи мошинро ба фурӯш мегузорад, аз ҷумла рақамҳои шумораи 9999, 6060, 0505, 7272-ро, ки бешак харидорон хоҳанд дошт. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи вазорат дар музоядаи ҳафтаи оянда 104 шумораи “зебо” фурӯхта хоҳад шуд. Қимати аввалияи ҳар як шумора 270 сомонӣ, тақрибан 50 долларро ташкил медиҳад. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар гузашта гуфтаанд, ки маблағи аз ин ҳисоб ба даст омадаро ба хазинаи махсуси бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун хоҳанд гузошт. Эълони мазкур дар торнамои вазорати умури дохилӣ гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG