Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар панҷ бозии лигаи олӣ ҳамагӣ се гол зада шуд


Бозӣ миёни дастаҳои "Энергетик" ва "Истаравшан"

Бозӣ миёни дастаҳои "Энергетик" ва "Истаравшан"

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 11 дастаи лигаи олӣ дар ду давра рақобат мекунанд.

Дар нахустин даври мусобиқа дар панҷ бозӣ ҳамагӣ се гол зада шуд. Дар ду бозӣ мизбонон пирӯз шуданд. “Хайр”-и Ваҳдат бар дастаи нави лигаи олӣ - “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо ҳисоби 2:0 ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Се бозии дигар миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Энергетик»-и Душанбе - «Истаравшан»-и Истаравшан бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки аз бозии даври аввал озод буд, дар даври дувуми мусобиқа рӯзи 14-уми апрел дар майдони худ бо тими “Энергетик” рақобат мекунад.

Шуҳрат Шамсиев, сармураббии дастаи "Истаравшан" (аз чап) ва Асрор Шораҷабов, раиси ҳамин бошгоҳ ( аз рост).

Шуҳрат Шамсиев, сармураббии дастаи "Истаравшан" (аз чап) ва Асрор Шораҷабов, раиси ҳамин бошгоҳ ( аз рост).

Баъди анҷоми бозии даври аввал миёни дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Истаравшан”-и Истаравшан хабарнигори радиои Озодӣ нахуст бо Шӯҳрат Шамсиев, сармураббии дастаи “Истаравшан” ва Асрор Шораҷабов, раиси бошгоҳи “Истаравшан”, ҳамсӯҳбат шуд ва аз онҳо хоҳиш кард, ки ба чанд савол посух бидиҳанд.

Озодӣ: Андешаҳои Шумо дар бораи бозии аввал чӣ гуна аст?

Шамсиев: Маълум аст, ки бозиҳои аввал вазнин мешаванд. Бозии мо бо “Энергетик” вазнин гузашт. Ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд. Дарвозабони мо Фаррух Бердиев маҳорати баланд нишон дод ва чандин бор дарвозаашро аз гол эмин дошт. Мо аз мухлисони дастаи худ, ки аз шаҳри Истаравшан ба Душанбе омада, дар варзишгоҳи “Авиатор”футболбозонро дастгирӣ карданд, миннатдорем.

Озодӣ: Оё Шумо аз ҳисоби ин бозӣ қаноатмандед?

Шамсиев: Бале, қанотмандем. Зеро ки дар сафар як хол ба даст овардан ин ба ғалаба баробар аст.

Озодӣ: Лутфан бигӯед, ки дар назди даста дар мусобиқаи имсола чӣ вазифа гузошта шудааст?

Шораҷабов: Вазифаи мо дар чемпионати имсолаи Тоҷикистон дар байни панҷ дастаи беҳтарин ҷойгир шудан аст.

Озодӣ: Дар бошгоҳ чӣ гуна шароитҳо муҳайёст ва ба “Истаравшан” киҳо кӯмаки молӣ мекунанд?

Шораҷабов: Шароитҳо хубанд. Моҳи октябри соли 2012 бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навсозишудаи шаҳри Истаравшан дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои навсозии ин варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ беш аз 13 миллион сомонӣ сарф гардида, он дорои 18 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Мо аз раиси шаҳри Истаравшан Иброҳимҷон Абдуллоев, ки дастаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, сипосгузорем. Инчунин аз Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Оби зулол”, ки ба даста кӯмаки молӣ мекунад, миннатдорем.

Озодӣ: Ташаккур барои суҳбат. Ба дастаи “Истаравшан” дар мавсими имсолаи футбол муваффақият мехоҳем.




Баъдан мо бо Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”, ҳамсӯҳбат шудем. Вай чунин гуфт: “Бозиҳои аввали мусобиқа дар фасли баҳор одатан бо муборизаи баробар мегузаранд. Дар ин маврид дар хона ва ё дар сафар бозӣ кардан омили муҳим нест. Дастаи мо дар нимаи дувуми бозӣ бисёр лаҳзаҳои хуби голзанӣ дошт. Мо бояд бозиро мебурдем, вале корамон омад накард. Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи "Энергетик"

Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи "Энергетик"

Дастаи “Истаравшан” бо дастгирии мухлисонаш хуб бозӣ кард, бахусус, дар хатти дифоъ. Дар бозии навбатӣ ба ҳайати дастаи мо ду ҳимоятгар, легионерҳо аз Гана ҳамроҳ мешаванд. Баъди як даври дигар бозигари мо Павел Калугин ва пас аз ду бозии дигар капитани даста Сафархон Мирзоев, ки дар бозии мусобиқаи порсола бо тими “Истаравшан” барои лату кӯби сардовар аз мусобиқа хориҷ шуда буданд, боз ба майдон меоянд. Мо аз он хушҳолем, ки нахустин бозии мусобиқаи имсоларо дар варзишгоҳи “Авиатор” мухлисони зиёд тамошо карда, ҳаловат бурданд. Умедворем, ки мусобиқаи имсола пуршиддату шавқангез сурат мегирад. Вале ногуфта намонад, ки вазъи майдонҳои бозӣ беҳбудӣ мехоҳад. Мо дар назди даста пас аз даври панҷум вазифаи мушаххас мегузорем.”

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1 «Хайр» 1 1 0 0 2-0 3
2 «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
3-8 «Истиқлол» 1 0 1 0 0-0 1
3-8 «Вахш» 1 0 1 0 0-0 1
3-8 ССКА «Помир» 1 0 1 0 0-0 1
3-8 «Парвоз» 1 0 1 0 0-0 1
3-8 «Энергетик» 1 0 1 0 0-0 1
3-8 «Истаравшан» 1 0 1 0 0-0 1
9 «Хуҷанд» 1 0 0 1 0-1 0
10 «Панҷшер» 1 0 0 1 0-2 0
11 «Равшан» 0 0 0 0 0-0 0

Даври 2-юм
13-уми апрел (шанбе)
Оғози бозиҳосоати 16.00

«Хуҷанд» - «Парвоз». Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
«Вахш» - «Хайр». Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи “Пахтакор”.

14-уми апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо соати 16.00

«Равшан» - «Энергетик». Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.
«Панҷшер» - «Истиқлол». Ҷалолиддини Румӣ. Варзишгоҳи марказӣ.

Натоиҷи бозиҳои даври аввали мусобиқа миёни ҳайатҳои ҷавонон чунин аст:

«Истиқлол» - «Вахш» - 2:0. «Хайр» - «Панҷшер» - 2:0. «Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд» - 3:0. «Парвоз» - ССКА «Помир» - 2:1. «Энергетик» - «Истаравшан» - 3:3.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG