Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия бозрасони кимёвии СММ ба қаламрави худ роҳ надод


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Ҳукумати Сурия ба коршиносони СММ иҷоза надодааст, то вориди хоки ин кишвар шаванд ва ба маълумот дар бораи истифода аз аслиҳаи ҳастаӣ бар зидди шӯришиён расидагӣ анҷом диҳанд.

Дар эъломияи вазорати корҳои хориҷаи Сурия гуфта мешавад, ки Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ба нозирони СММ пешниҳод кардааст, то онҳо дар саросари хоки Сурия ба таҳқиқ машғул шаванд. Вале чунин пешниҳод бо дархостҳои Сурия, ки ба СММ фиристодааст, муғоират дорад.

Дабири Кулли СММ пофишорӣ дорад, ки дар саросари қаламрави Сурия тафтиш анҷом бигирад, то шубаҳае дар бораи истифода аз аслиҳаи ҳастаӣ вуҷуд надошта бошад.
XS
SM
MD
LG