Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Колбадшикофии Пабло Неруда барои таҳқиқи тиббӣ


Пабло Неруда

Пабло Неруда

Рӯзи душанбе колбади шоир Пабло Нерударо дар Чиллӣ боз карданд. Мехоҳанд аз боқимондаҳои ҷасади вай дақиқ кунанд, ки оё шоири номдор аз беморӣ даргузаштааст ва ё ба вай заҳр додаанд.

То ҳол шаку шубҳа вуҷуд дорад, ки вай аз беморӣ дарнагузаштааст ва бо дастури диктатори вақти Чиллӣ Августо Пиночет ба шоир заҳр додаанд.

Натиҷаҳои ин бозрасии тиббӣ баъд аз чанд моҳ эълон хоҳад шуд. Неруда 23 сентябри соли 1973 баъд аз 12 рӯзи ба сари қудрат омадани Пиночет даргузашт. Ронандаи Неруда шаҳодат додааст, ки ба шоир заҳр додаанд.

Неруда барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт ва узви кумитаи марказии Ҳизби Куммунисти Чиллӣ буд.
XS
SM
MD
LG