Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳимов: Фаъолони тазоҳурот ба масъулият кашонда мешаванд


Рамазон Раҳимов

Рамазон Раҳимов

Рамазон Раҳимов-вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки фаъолони тазоҳуроти эътирозии назди сафоратхонаи Амрико дар Душанбе ва назди бинои намояндагии СММ дар Тоҷикистон боздошт шудаанд ва тибқи қонун ба масъулият кашонда мешаванд.

Ин тазоҳурот рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Душанбе бар зидди раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов-нахуствазири пешини Тоҷикистон аз боздоштгоҳе дар Киеви Украина баргузор шуд.

Оқои Раҳимов гуфтааст, ки ин ду тазроҳурот ғайриқонунӣ буд ва ба зудӣ кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз он пешгирӣ кардаанд, то тартиботи ҷамъиятӣ халалдор нашавад.
XS
SM
MD
LG