Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2 ҳазор террорист дар кишварҳои ҳамсуд ҷустуҷӯ мешаванд


Маркази зидди терроризми кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ гуфтааст, ки 2 ҳазор нафар террористро ҷустуҷӯ мекунад. Дар ин бора хабаргузории Тенгриниюзи Қазоқистон аз номи генерал Андрей Новиков-раиси ин марказ хабар додааст. Ин марказ дар Қазоқистон ҷой гирифтааст.

Новиков гуфтааст, ки маркази мазкур дар ин кор ба кишварҳои узв кӯмак мекунад ва ҳоло дар дасти онҳо феҳристи 2 ҳазор террорист мавҷуд аст.

Аммо вай нагуфтааст, ки ин террористҳо шаҳрвандони кадом кишварҳо мебошанд. Ин макрказ сомонаи интернетӣ боз кардааст ва дар он дар бораи мубориза бо терроризм ва тундгароӣ дар кишварҳои ҳамсуд ба вижа дар кишварҳои Осиёи Миёна мавод ба нашр мерасад.
XS
SM
MD
LG