Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ дар Туркия аз дучарха афтод ва бистарӣ шуд


Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистонро баъд аз ҳодисае дар дучархасаворӣ дар Анталияи Туркия ба шифохона интиқол доданд. Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Гурҷистон мегӯяд, ки чунин пешомад бо Саакашвилӣ рӯзи якшанбе рух додааст.

Ба гуфтаи пизишкон, ҳангоми афтодан аз дучарха пайванди шона ва қафаси сина аз се ҷо шикастааст ва онҳо вайро ҷарроҳӣ кардаанд.

Ҳамаи мулоқотҳои раиси ҷумҳури Гурҷистон, ки бояд рӯзи душанбе анҷом мегирифт, барои муддате ба таъхир афтодааст. Сухангӯи Саакашвилӣ гуфтааст, ки раиси ҷумҳур бояд рӯзи сешанбе қабл аз бозгашташ ба Гурҷистон бо Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия мулоқот кунад.

Саакашвилӣ барои боздиди серӯза рӯзи шанбе ба Туркия сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG