Пайвандҳои дастрасӣ

Путин аз Олмон ба Ҳолланд рафт


Президенти Русия Владимир Путин баъди музокироташ бо кантслери Олмон Ангела Меркел ба Ҳолланд сафар кард. Дар нишасти матбуотии рӯзи душанбе дар Ҳановер Путин аз кофтукоби созмонҳои ғайридавлатии Русия пуштибонӣ кард. Ба гуфти президенти Русия ин кишвар ҳақ дорад созмонҳои ғайридавлатиро, ки аз хориҷа пул ба даст меоранд, мавриди назорат қарор диҳад. Путин меафзояд, ки дар моҳҳои авввали соли равон дар ин кишвар созмонҳои ғайридавлатӣ то як миллиард доллар аз хориҷа касб намудаанд. Дар Амстердам Путинро ҳомиёни ҳуқуқи ҳамҷинсбозон бо гирдиҳамоии эътирозӣ пешвоз гирифтанд. Моҳи январ қонунгузорони Русия санадеро пешниҳод карданд, ки ташвиқи ҳамҷинсбозиро бо 16 ҳазор доллар муҷозот мекунад. То ҳол ин санад тасвиб нашудааст.
XS
SM
MD
LG