Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зойиров: Президент Раҳмон дар интихобот ширкат накунад!


Раҳматулло Зойиров
Раҳматулло Зойиров
Раҳматулло Зойиров- раиси ҳизби умумимардумии сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад дар интихоботи ояндаи президентӣ номзадиашро пешбарӣ кунад.
Зойиров гуфтааст, бар пояи тағйиру илова ба сарқонуни Тоҷикистон, ки соли 1999 ба тасвиб расида буд, як нафар ҳақ надорад беш аз як дафъа президенти кишвар интихоб шавад ва ҳизби зери раҳбарии ӯ даҳ сол пеш назари худро дар ин бора иброз доштааст. Ба қавли Зойиров тахминан як сол пеш аз интихоботи моҳи ноябри соли 2013-ум намояндагони ҳизби ҳокими халкӣ-демократӣ эълон карданд, ки номзади онҳо президенти кунунии кишвар Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.
Зойиров хотирнишон кардааст, ки соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон барои панҷ сол президент интихоб шуда буд ва аз ин рӯ, даври раёсатҷумҳурии ӯ соли 2004-ум хатм шуда буд ва соли 2003-ум баъди референдуми мардумӣ бо тағйиру иловаҳо ба сарқонуни Тоҷикистон дар ин кишвар интихоботи нав сурат мегирифт. Ҳамин тариқ дар як паёми муфассал Зойиров таъкид кардааст, ки аз моҳи ноябри соли 2004-ум то имрӯз раҳбарии президент Раҳмон ғайришаръӣ мебошад. Раиси ҳизби умумимардумии сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон машварат додааст, ки барои худ ворисе интихоб намуда, худ бар асоси қоунуҳои мавҷуда соҳиби курсии доимӣ дар Маҷлиси Миллии кишвар шавад. То ҳанӯз вокуниши давлати Тоҷикистон ба ин паём нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG