Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина бояд мушкили адолати интихобиро ҳал намояд


Петер Стано-сухангӯи комиссари тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо Стефан Фуеле
Петер Стано-сухангӯи комиссари тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо Стефан Фуеле
Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Киев даъват кардааст, ки мушкили “адолати интихобӣ”-ро ҳал кунад. Рӯзи душанбе дар Брусел Петер Стано-сухангӯи комиссари тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо Стефан Фуеле гуфт, рӯзи якшанбе президенти Украина Виктор Янукович собиқ вазири умури дохилӣ Юрий Лутсенко ва собиқ вазири ҳифти муҳити зисти ин кишвар Ҳеорҳий Филипчукро афв намуд. Ба қавли Стано ин фақат аввалин қадами муҳим буда, акнун Иттиҳодияи Аврупо мунтазир аст, ки Украина мушкили адолати интихобиро рафъ хоҳад кард. Зоҳиран Стано ба он ишора кардааст, ки сарвазири собиқи ин кишвар Юлия Тимошенко ҳанӯз ҳам дар зиндон аст. Иттиҳодияи Аврупо ҳабси Тимошенкоро амали сиёсӣ ва монеа дар ҳамоиши Украина бо ин созмон арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG