Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Меркел аз созмонҳои ғайридавлатии Русия


Ангела Меркел ва Владимир Путин

Ангела Меркел ва Владимир Путин

Кантслери Олмон Ангела Меркел аз президенти Русия Владимир Путин даъват кард, ки ба созмонҳои ғайридавлатӣ “як имкони хуб” диҳад. Меркел мегӯяд, барои рушди Русия нақши фаъоли созмонҳои ғайридавлатӣ зарур аст. Ба қавли Меркел феълан Русия захираҳои табиӣ ва лоиҳаҳои инфрасохториро муҳаррики рушд арзёбӣ мекунад,вале созмоҳнои ғайридавлатӣ дар рушди инновативӣ ва гуногун намудани хоҷагии ин кишвар кумак хоҳанд расонд. Ин суханонро хонум Меркел рӯзи якшанбе дар шаҳри Ҳановер ҳангоми ифтитоҳи намоишгоҳи саноатӣ дар ҳузури президенти Русия гуфтаааст. Рӯзи якшанбе президент Путин аз кофтукоби ширкатҳои ғайридавлатии Русия ҳимоят кард ва гуфт, ки онҳо аз кишварҳои хориҷӣ пул дарёфт мекунанд. Ҳангоми кушоиши намоишгоҳ даҳҳо нафар бар зидди таъқиби созмонҳои ғайридавлатӣ дар Русия эътирохз ташкил карда буданд.
XS
SM
MD
LG