Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Ҷанубӣ аз иқдомҳои ахири Пхенян нигарон аст


Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун бо таппонча дар даст

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун бо таппонча дар даст

Як мақоми расмии Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки Кореяи Шимолӣ ба озмоиши чоруми ҳастаӣ омодагӣ мегирад. Тибқи гузоришҳои расида дар ин бора рӯзи душанбе вазири ҳамоиш Рио Кил Ҷай маълумот дод. Қаблан мансабдорони Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ дода буданд, ки дар ду тунели зеризаминӣ тайёрӣ ба озмоиш мушоҳида мешавад. 12-уми феврал Кореяи Шимолӣ яке аз ин тунелҳоро ҳангоми партоби мушак истифода бурда буд. Рӯзи душанбе дар як нишасти матбуотӣ вазири мудофиаи Кореяи Ҷанубӣ Ким Мин Сеук гуфт:
Мо ҳама медонем, ки шояд Кореяи Шимолӣ мушаки баллистикӣ партоб намояд. Аз ин рӯ, мо бо назардошти ин амал ҳаракатҳои Кореяи Шимолиро ҳамроҳ бо ИМА назорат дорем.”
Мансабдорони Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, Кореяи Шимолӣ ба дипломатҳои хориҷии мустақар дар ин кишвар машварат додааст, ки Кореяи Шимолиро тарк кунад. Ба гуфти онҳо ин амали Пхенян аз он шаҳодат медиҳад, ки ё партоби мушакҳо наздик аст ва ё ягон иғвои дигар раҳандозӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG