Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиди Карзай куштори 11 кӯдакро маҳкум кард


Ҳомиди Карзай

Ҳомиди Карзай

Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай куштори 11 кӯдак бар асари як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО-ро маҳкум кард. Тибқи гузоришҳо куштори кӯдакон рӯзи шанбе аснои ҳамлаи муштараки нерӯҳои афғон ва паймони НАТО дар ноҳияи Шигали вилояти Кунари ҳаммарз бо Покистон ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи якшанбе идораи президенти Афғонистон изҳороте пахш намуда, амалиётро, ки дар минтақаи сераҳолӣ ба амал омадааст, маҳкум кард. Ҳамчунон раҳбари афғон Толибонро ба хотири истифодаи мардуми осоишта ба ҳайси сипар маҳкум намудааст. Дар бораи шумораи кӯдакони фавтида омори мухталиф аст, вале идораи президенти Афғонистон изҳор намудааст, ки бар асари ҳамла 11 кӯдак ба ҳалокат расида, 6 нафари дигар захм бардоштаанд. Ба қавли вазорати умури дохилии Афғонистон дар ин ҳамла 6 толиби ҷангҷӯй кушта шуданд, ки дe нафари онҳо фармондеҳи баландпоя будаанд. Эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА иброз доштааст, ки аз куштори афроди мулкӣ хабар дорад ва ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG