Пайвандҳои дастрасӣ

Аз боздошгоҳи вижаи шаҳри Самара як тоҷику ду ӯзбак фирор карданд



Хабаргузориҳои расмии Русия иттилоъ медиҳанд, ки се шаҳрванди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки мунтазири депортатсия дар як боздошгоҳи вижаи шаҳри Самара нигаҳдорӣ мешуданд, аз боздошт фирор карданд. Вазорати умури дохилаи Русия хабар додааст, ки ин ҳодиса дар ноҳияи Советскии шаҳри Самара, тахминан соатҳои 01:20 шаби душанбе рӯй дод. Муҳоҷирони фироркарда, ки исмашон оварда намешавад, 28-32-сола мебошанд. Маълум нест, ки ин боздоштшудаҳо чӣ муддат дар дасти полис нигоҳдорӣ мешуданд. Полис мегӯяд, ки фирориҳо панҷараҳои боздоштгоҳи муваққатро арра карда фирор кардаанд. Таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG