Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати дифои Тоҷикистон афзоиши ҳаракати мошинҳои низомӣ ба сӯи Бадахшонро ба оғози маъракаи даъват ба артиши миллӣ рабт дод.

Вазорати дифои Тоҷикистон дар посух ба нигаронии мардум аз интиқоли нируи бештари низомӣ ба Хоруғ, ки cокинон мегӯянд, тайи як ҳафтаи ахир афзоиш ёфтааст, гуфт, ки ин ҳаракат ба оғози даьват ба артиши миллӣ ва озод шудани сарбозони кадимӣ рабт дорад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки убуру мурури мошинҳои низомӣ ба Хоруғ танҳо ба хотири интиқоли сарбозони нав ба қисми ҳарбии Хоруғ сурат мегирад.

Гулшо Мироншоев, омӯзгори яке аз мактабҳои ҳамагонии Хоруғ низ дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфт, ки дар як ҳафтаи ахир ворид шудани мошинҳои низомӣ бо сарбозон ба Хоруғ бештар шудааст ва ин ҳолат мардуми мулкиро каме нигарон кардааст.

Ба қавли ҷаноби Мироншоев, вақте, ки аз тариқи телевизиони маҳаллӣ ва ё дар ҷаласаҳои ҳукуматии вилоят ин масъала шарҳ дода намешавад, мардум дар ташвиш мемонанд, ки мабодо ходисаҳои соли гузашта такрор шаванд.

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ҳамчунин гуфт, ки дар назар аст дар аввалҳои моҳи май тамрини низомии ҷузъу томҳои Вазорати дифоъ дар Хоруғ баргузор шавад ва ҳоло омодагӣ барои баргузории ин размоиш идома дорад.

Маҳмадалиев гуфт, ки размоиш аз рӯи нақша буда, Вазорати дифоъ ба хотири тавонмандии неруҳои мусаллаҳ дар сурати ҳамлаи гуруҳҳои террористӣ ва харобкор ба қаламрави Тоҷикистон, доир карда мешавад.

Ёддовар мешавем, ки ба дунболи қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон дар тобистони соли гузашта, шаҳри Хоруғ саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳ буд, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо кушта ба ҷой гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG