Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Хуҷандро барои талоши қатли як корманди пулис, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи вилояти Суғд Олимҷон Ҷумъаеви 21-соларо бо гуноҳи қасди куштори як корманди интизомӣ ба муҳлати 15 сол ба зиндони дорои низоми сахт бо мусодираи амвол, маҳкум кард.

Додгоҳ Ҷумъаевро мутобиқи бандҳои 32 “омодагӣ ва суиқасд ба ҷиноят” ва 104 “одамкушӣ”- и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, муҷрим донист.

Ба гуфтаи додгоҳ, субҳи рӯзи 5 -уми августи соли 2012 маҳкумшуда лейтенанти калони милисаи шаҳри Хуҷанд Рустам Хушвахтов ва 4 ҳамкасби ӯро, ки ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ машғул буданд, зимни муноқиша бо суханҳои қабеҳ дашном гуфта, рӯ ба гурез мениҳад.

Ба дунбол, Хушбахтов ӯро боздошт менамояд, вале Ҷумъаев таслим нашуда, аз ҷайбаш корд берун мекашад ва ба бадани афсари милиса ду корд мезанад. Хушвахтовро як ҳамкораш аз дасти авбош халос мекунад ва ба беморхона мебаранд

Олимҷон Ҷумъаев замони даст задан ба ин ҷиноят, дар як ширкат ба ҳайси технолог кор мекард ва дар вақтҳои фориғ буданаш аз кор, ба тиҷорати тарбуз низ машғул будааст.

Вай дар мурофиаи додгоҳӣ аз гуноҳи кардааш пушаймонӣ намуд, аммо корд задани худро на қасди куштор, балки “ҳимоят аз худ” номид.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG