Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲНИТ мегӯяд, дар Бадахшон зери фишор қарор дорад


Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшон мегӯянд, дар ин авохир фишорҳои мақомоти маҳаллӣ алайҳи онҳо бештар шудааст.

Асрор Булбулов, раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғ мегӯяд, ки мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Бадахшон як маъракаи зидди ин ҳизбро оғоз карда, аз бахшҳои ин ниҳоди сиёсӣ талаб доранд, ки аъзои худро аз сафҳояшон хориҷ кунанд.

Асрор Булбулов рӯзи 8-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки тайи як ҳафтаи ахир ҳудуди сад аризаи сокинони вилоят, ки аъзои ҳизб мебошанд, ба шуъбаҳои ҳизб пешниҳод шуданд, ки бо фишори маҳомоти маҳаллӣ мехоҳанд аз сафи ҲНИТ хориҷ шаванд.

Ба қавли Асрор Булбулов, аксари афроде, ки аризаи хориҷ шуданро пешниҳод кардаанд, дар идораву муассисаҳои мухталифи навоҳии вилоят кор мекунанд ва барои идомаи кор ва таъмин рӯзгор, маҷбур шудаанд ариза пешниҳод кунанд ва хоҳиши аз сафи ҳизб берун шуданро намоянд.

Дар ҳамин ҳол Наим Некбахшоев, раиси шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим мегӯяд, ки тайи як ҳафтаи ахир бинобар фишори мақомоти маҳаллӣ, 15 нафар ба вай ариза пешниҳод карда, хоҳиши аз сафи ҳизб берун шуданро намуданд. Вай гуфт, ки ҳатто муовини раиси ноҳияи Ишкошим Саёрамоҳ Замирова аз вай талаб кардааст, ки аъзои ҳизбро аз сафҳои худ ихроҷ намоянд.

Дар ҳамин ҳол Саёрамоҳ Замирова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Ишкошим ба "Озодӣ" гуфт, ки ин иддаои намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ нодуруст аст ва асосӣ воқеъӣ надорад: «Мо ба ҳамаи ҳизбҳо дар ноҳия баробар муносибат ва ҳамкорӣ дорем ва ҳеҷ вақт фишоре болои аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ вуҷуд надорад, ин туҳмат аст.»

Дар Шӯрои сиёсии ҲНИТ рӯзи 8-уми апрел ба "Озодӣ" гуфтанд, ки дар ҷаласаи навбатии Раёсати олии ҳизб, ки имрӯз, душанбеи 8-уми апрел баргузор мешавад, ин масъала мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG