Пайвандҳои дастрасӣ

Пайванди Гулмуродзода, донишманди маъруфи тоҷик баъд аз зуҳри рӯзи душанбе дар оромгоҳи маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.

Дар маросими видоъ бо устод Пайванд Гулмуродзода, садҳо тан аз ҳамкорон, шогирдон, рӯзноманигорон ва аҳли илму фарҳанги кишвар ширкат дошанд.

Пайванди Гулмуродзода, донишманди маъруфи тоҷик шаби гузашта бар асари бемории қалб дар синни 56-солагӣ аз олам даргузашт. Устод Пайванди Гулмуродзода то дами маргаш дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ифои вазифа менамуд.

Пайванди Гулмуродзода соли 1956 дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба дунё омада, соли 1973 баъд аз хатми мактаби тоҷикии ба номи Айнӣ, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳии давлатии Тоҷикистон шомил шуд ва соли 1978 онро бо тахассуси рӯзноманигор хатм намуд.

Пайванди Гулмуродзода

Пайванди Гулмуродзода

Ӯ фаъолияти худро дар Кумтаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба сифати муҳаррир оғоз кард, ва аз соли 1980 ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Пайванди Гулмуродзода, солҳои 1986-89 дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташаккули публисистикаи шӯравии тоҷик» ҳимоя кард.

Аз соли 1992 то соли 1996 дар вазифаи муовини декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 1996-2001, 2005-2006 ба ҳайси декан дар ҳамин факулта кор кардааст.

Соли 1997 нашрияи таълимии факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии «Қалам» ва баҳори ҳамон сол ба мақсади "сарсабзии бӯстони фарҳанги тоҷик, роҳнамоии мардуми илмдӯсти фарҳанпараст ба ин бӯстон", фаслномаи илмӣ-адабӣ ва фарҳангии «Гули мурод»-ро таъсис дод.

Пайванди Гулмуродзода муҳаққиқи адабиёт ва публисистикаи ибтидои садаи 20-и тоҷик буд. Таваҷҷуҳи ӯро бештар бештар масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷалб намудаанд.

Бо таваҷҷуҳ бо он, ки устод Гулмуродзода ба таҳқиқи масъалаҳои маорифипарварӣ сару кор дошт, андешаҳояш маорифпарварона буд ва ин ғоя дар навиштаҳояш низ мақоми вижа касб карда буд.

Ӯ дар ин авохир дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ва пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти вазорати фарҳанги Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG