Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон интизори посухи Маскав ба дархости иҷозаи вуруди дубора ба онҳоест, ки бо гуноҳи ночиз аз Русия берун карда шудаанд.

Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин дархост охири ҳафта дар конфронси байналмилалӣ дар бораи роҳкардҳои нави ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе ироа шуд.

Бар пояи як гузориши маркази таҳлилии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия беш аз 400 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон қавонини муҳоҷирати Русияро нақз кардаанд. Анвар Бобоев мегӯяд, ин муҳоҷирон аз 3 то 5 сол ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд, ҳарчанд ҷинояте содир накардаанд ва «барои қонуншикании андак муҷозот шудаанд, бигирем, барои то ҳафт рӯз дар Русия сабти ном нашудан, барои дар ҷойи мамнӯъ гузоштани мошин ё
Анвар Бобоев

Анвар Бобоев

барои сари вақт пардохт накардани маблағи истифодаи барқ». Ӯ меафзояд, "мо аз Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия хостем, ки афроди ин гуна қонуншиканӣ содиркардаро аз рӯйхати афроди мамнӯъулвуруд берун кунанд".

Муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, онҳо барои баррасии ин мавзӯъ дар нишасти комиссиюни байнипарлумонии Тоҷикистону Русия низ, ки қарор аст моҳҳои наздик баргузор шавад, пойфишорӣ хоҳад кард.

Манъи вуруди теъдоди бузурги муҳоҷирон ба Русия, аз нигоҳи масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шояд боиси мушкилоти иҷтимоӣ дар кишвар гардид, зеро пайдо кардани кори муносиб дар Тоҷикистон саҳл нест. «Афв»-и муҳоҷирони ҷиноят содирнакарда аз сӯи Маскав ин мушкилро осон мекард.

Анвар Бобоев меафзояд, ки дигар кишварҳо низ аз ин мушкил канор намондаанд, Ба иттилои маркази таҳлилии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия 900 ҳазор шаҳрвандони Ӯзбакистон ва 500 ҳазор украиниҳо ҳам барои қонуншиканиҳо на он қадар бузург барои тарки Русия водор шудаанд. Ва ин дар ҳолест, ки Русия воқеъан ҳам ба нерӯи корӣ шадидан ниёз дорад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Анвар Бобоев, «Маскав барои муҳоҷирони корӣ 1,7-1,9 миллион квота ҷудо мекунад, вале дар асл дар Русия аз 10 то 12 миллион хориҷиҳо кор мекунанд. Яъне квота воқеъӣ нест ва ин сабаб мешавад, ки дигар муҳоҷирон барои дарёфти кори ғайриқонунӣ маҷбур мешаванд».

Музаффар Зарифов, раиси созмони «Муҳоҷират ва рушд» мегӯяд, ки дубора иҷозаи кору зиндагӣ додан ба афоди ихроҷшуда кори саҳл нест, зеро ҳамаи онҳо - баъзеҳо инфиродӣ ва баъзеҳо гурӯҳӣ - бо қарори додгоҳҳои Русия аз кишвар берун карда шудаанд ва барои лағви он ҳукмҳо ҳам далелҳои мӯътамад ва ҳам вақти зиёд зарур аст. Ва ин дар ҳоле, ки ба гуфтаи Музаффар Зарифов, Русия қавонини муҳоҷиратиро шадидтар карданист ва вакилони
Музаффар Зарифов

Музаффар Зарифов

Думаи давлатӣ талаб дорад то афроди ҷиноят ё қонуншиканӣ содиркарда барои 10 сол аз ҳаққи вуруд ба кишвар маҳрум шаванд. Аз нигоҳи ӯ, “ҳалли мушкил дар “афви муҳоҷиратӣ” аз сӯи Русия аст, яъне, давлат ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонуниро мебахшад ва ба онҳо мақом медиҳад, вале дар сурати содир кардани ҷиноят ба ӯ ҷазои сахттарро раво мебинанд”.

Музаффар Зарифов меафзояд, муҳоҷирони тоҷик фақат он замон нафаси сабук хоҳанд кашид, ки Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукии Русияву Белорус ва Қазоқистон ҳамроҳ шавад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки посух ба дархости ахири Хадамоти муҳоҷиратро ба ин зудӣ интизор набояд шуд, зеро баррасии он камаш се-чор моҳ идома хоҳад кард.

Аз нигоҳи раиси созмони “Муҳоҷират ва рушд” бояд муҳоҷирон қабл аз вуруд ба Русия на фақат касб ва забон омӯзанд, балки бо донишҳои ибтидоии ҳуқуқӣ ҳам “мусаллаҳ” бошанд, то дар кишвари бегона даст ба қонуншиканӣ назананд.

Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия афзоиш меёбад. Бино ба омори расмӣ, тайи ду моҳи аввали соли равон Тоҷикистонро ба қасди Русия тақрибан 153 ҳазор нафар тарк кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳазор нафар ё 24 дар сад бештар аст. Табиист, ки афзоиши муҳоҷират маҷрои пул аз ҳисоби “мардуми коргар” ба Тоҷикистонро бештар мекунад ва бино ба оморҳои ғайрирасмӣ, моҳи феврал ва март ба кишвар 180 миллион доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ду моҳи соли 2012 нӯҳ дар сад зиёд аст. Соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 3 миллиарду 290 миллион доллар фиристоданд, ки назар ба як соли пеш тақрибани 15 дар сад бештар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG