Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ хостори эътидоли равобит миёни Туркияву Исроил шуд


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, аз Туркия даъват намуд, ки робитаҳои дипломатиро бо Исроил ба таври комил барқарор кунад. Дар ҷараёни сафараш ба Истамбул ӯ гуфт, ки Туркия метавонад дар ҳалли низоъ дар Ховари Миёна нақши муассир дошта бошад.

Вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу, дар навбати худ, изҳор намуд, ки барои барқарории робитаҳои мӯътадил бо Исроил вақт зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, бояд Исроил пеш аз ҳама муҳосираи навори Ғаззаҳро қатъ кунад.

Робитаи миёни Исроилу Туркия соли 2010, баъд аз ҳалокати чанд турк дар амалиёти низомиёни исроилӣ дар киштие бо кӯмаки башарӣ барои навори Ғаззаҳ сард шуд. Моҳи март нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху аз номи давлаташ барои ин ҳодиса расман маъзарат хост.

Туркия нахустин кишварест, ки Ҷон Керрӣ дар ҷараёни сафари даҳрӯзааш ба кишварҳои Аврупову Осиё дидан кард.
XS
SM
MD
LG