Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Мушарраф иҷозаи ширкат дар интихоботро доданд


Мақомоти Покистон ба раисиҷумҳури пешин Парвиз Мушарраф барои ширкат дар интихоботи парлуомнӣ иҷоза доданд. Ӯ номзадии худро аз шаҳри Читрол, воқеъ дар шимоли кишвар пешбарӣ хоҳад кард. Аз ин пеш мақомоти шаҳрҳои Қарочӣ ва Касура аз сабти номи Парвиз Мушарраф сарпечӣ карда буданд.

Парвиз Мушарраф рӯзи 24 март, баъд аз чаҳор соли ғурбати ихтиёрӣ, ба Покистон баргашт. Ӯ мехоҳад дар интихоботи парлумонии рӯзи 11 май ширкат кунад. Алайҳи раисиҷумҳури пешин аз рӯи чанд иттиҳоми дигар, аз ҷумла, даст доштан дар марги нахуствазири пешини Покистон Беназир Бҳутто дар соли 2007, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Рӯзи шанбе Додгоҳи Олии Покистон барои баррасии парвандаи ҷиноӣ раисиҷумҳури пешин Парвиз Мушарраф аз рӯи банди «хиёнат ба Ватан» розӣ шуд. Гурӯҳи додрасҳо ӯро дар ғайриқонунӣ мутаваққиф кардани амали Қонуни асосӣ гумонбар мехонанд. Қарор аст, ки муҳокимаи парванда рӯзи душанбе, 8 апрел, шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG