Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 ба музокироти атомӣ бо Эрон дар Алмато


Британия баъд аз даври дувуми музокироти байналмилалӣ гуфтааст, ки Эрон барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаи ҳастаӣ «хеле фосила дорад».

Вилям Ҳенг, вазири корҳои хориҷии Британия, дар баёнияе, ки баъд аз даври дувуми музокироти ҳастаӣ дар Алмато мунташир кард, гуфтааст: «Британия дар ҳоле ба Қазоқистон рафт, ки омода буд, ҳамроҳ бо шарикони сиёсияш бо хушӣ бо Эрон музокира кунад.»

Ба гузориши оҷонсии Франс Пресс, Вилям Ҳенг дар баяниёи худ овардааст: «Музокироти тӯлонӣ атрофи чанд масъала сурат гирифт, вале ҳанӯз фосилаи бузурге байни тарафайни музокирот вуҷуд дорад. Мавзӯи феълии Эрон аз ҳаллу фасли қазия бо роҳи дипломатӣ хеле фосила дорад.»

Вазири корҳои хориҷии Британия гуфтааст: «Мо Эронро зери назар дорем, то бо диққат бубинем, ки оё мехоҳад ба канорагирии феълияш идома диҳад ва бо фишори афзояндаву инзво аз ҷомеаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шавад ё ба музокироти воқеӣ рӯй оварад.»

Музокироти Алмато-2 рӯзҳои 5-6 апрел баргузор шуд ва бидуни дастёбӣ ба тавофуқе поён ёфт.

Намояндагони кишварҳои Амрико, Британия, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон, кишварҳои мавсум ба гурӯҳи 5+1, ба ҳамроҳи Катрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар музокироти Алмато ҳузур доштанд.

Намояндаи Русия дар даври дувуми музокироти Алмато гуфтааст, ки ҳарчанд ин музокирот натиҷаи рӯшане надошт, аммо «қатъан як қадаме ба пеш» буд.

Ба гузориши Рейтерз, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рибков пас аз ин музокироти дурӯза ба хабарнигорон гуфтааст, ки ин музокирот «тафсилӣ ва бо ҷузъиёт» буд. Аммо вай афзудааст, ки тарафайни музокирот «натавонистанд ба қарори муайяне биёянд.»

Ба таъкиди Рибков, Русия мухолифи таҳримҳои якҷонибаи Ғарб алайҳи Эрон аст ва агар Эрон бипазирад, ки барномаи ҳастаияш таҳти назорати комили бозрасони Созмони Милал қарор бигирад, он вақт бояд ҳама таҳримҳо алайҳи он рафъ шавад.

Катрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, пас аз ин музокирот ба хабарнигорон гуфтааст, ки розигии тарафайн ҳамчунон бар сари масоили асосӣ «фосилаи зиёде» дорад.

Хонум Эштон афзудааст, ки акнун намояндагони гурӯҳи 5+1 гузоришҳои худро дар бораи музокироти Алмато бо роҳбарияти кишварҳои худ дар миён хоҳанд гузошт.

Катрин Эштон гуфтааст, ки бо Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайати ҷониби Эрон, дар тамос хоҳад буд, то дар бораи чигунагии идомаи музокирот тасмимгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, Саид Ҷалилӣ дар як конфронси хабарии ҷудогона дар бораи натиҷаи музокироти Алмато гуфтааст, ки Эрон «пешниҳодҳое барои ҳаракат дар масири созанда» пеш гузошт ва намояндагони гурӯҳи 5+1 бо тарҳи назорати давлатҳои худ «хоҳони арзёбиҳои бештар аз шароити ҷадид ношӣ аз ибтикороти Эрон шуданд.»

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Саид Ҷалилӣ гуфтааст, «ҳамин далел муҷиб шуд, то аъзои гурӯҳи 5+1 хостори он шаванд, то натоиҷи гуфтугӯҳои суратгирифтаро ба пойтахтҳои худ мунтақил кунанд.»

Раҳбари ҳайати музокиракунандагони Эрон тавзеҳ додааст: «Хонум Эштон пас аз гуфтугӯ бо вазирони корҳои хориҷии 6 кишвари узви гурӯҳи 5+1 дар бораи чигунагии натоиҷи гуфтугӯ ва амалишавии он бо ман телефонӣ гуфтугӯ хоҳад кард.»

Кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 аз Эрон талаб доранд, ки ғанисозии урани 20 дарсадиро боздорад. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки дар дар ҳолати боздоштани ғанисозии урани 20 дарсадӣ таҳримҳо дар фурӯши маводи нафтиро бекор хоҳанд кард. Аммо Эрон хоҳони иқдомҳои бештари ҷомеаи байналмилалӣ барои рафъи таҳримҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG