Пайвандҳои дастрасӣ

Юрий Лутсенко аз маҳбас озод шуд


Юрий Лутсенко

Юрий Лутсенко

Юрий Лутсенко, собиқ вазири умури дохилии Украина, маҳбасро тарк намуд. Дар ин бора рӯзи якшанбе, 7 апрел, вазорати умури дохилии кишвар хабар дод.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович вазири собиқро, ки барои сӯиистифода аз мақом ба чаҳор соли маҳбас маҳкум шуда буд, афв кард. Ҳамроҳ бо Юрий Лутсенко боз панҷ нафари дигар, аз ҷумла, собиқ вазири муҳити зисти Украина Георгий Филипчук, ки барои берун аз ваколат пой ниҳодан шартан ба ду сол маҳкум шуда буд, афв карда шуданд. Дирӯз комиссиюн оид ба масоили афви назди раисиҷумҳури Украина ба Янукович пешниҳод кард, ки аз гуноҳи Лутсенко ва Филипчук гузарад.

Юрий Лутсенко, ки соли 2010 боздошт ва моҳи феврали соли гузашта маҳкум ба зиндон шуда буд, иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки он ангезаи сиёсӣ дорад.

Моҳи июли соли 2012 Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҳукм кард, ки Киев Лутсенкоро ғайриқонунӣ боздошт кардааст ва бояд ба ӯ 15 000 евро ҷубронпулӣ пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG