Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизҳо солгарди "инқилоби лолаги"-ро таҷлил мекунанд


Дар Қирғизистон сеюмин солгард аз “инқилоби лолагӣ” таҷлил мешавад. Рӯзи 7 апрели соли 2010 бар асари бархӯрд миёни ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифин раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев аз Бишкек фирор кард.

Дар майдони Ала-Тоои Бишкек, ки он ҷо бар асари задухӯрдҳо 89 нафар ба ҳалокат расиданд, маросими гулгузорӣ баргузор шуд, ки дар он раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев, сарвари пешини кишвар Роза Отунбоева, раиси парлумон, нахуствазир ва дигар мансабдорон қирғиз ширкат доштанд.

Маросими ёдбуд ва тиловати Қуръони Карим дар маҷмааи “Ота-Байит”, воқеъ дар канори Бишкек, ки қурбони “инқилоби лолагӣ” он ҷо макони охиран пайдо кардаанд, доир шуд.

Баъд аз суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев дар Қирғизистон Қонуни асосии нав қабул ва бар пояи он дар кишвар низоми парлумонӣ ҷорӣ шуд.
XS
SM
MD
LG