Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани омӯзгорони забони фаронсавӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ


Дар толори асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 6-уми апрели соли равон Анҷумани солонаи омӯзгорони забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Бахтиёри Абдураҳим, котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ, ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки анҷумани мазкур бо ташаббуси кафедраи забони фаронсавии факултаи забонҳои романӣ-германии донишгоҳ якҷо бо Маркази фарҳангии «Бактрия» ва раёсати ДДОТ доир шуд. Дар анҷуман ректори донишгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов, сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леура ва чанд тан аз омӯзгорони забони фаронсавӣ аз шаҳру навоҳии кишвар ширкат варзиданд.

Ба таъкиди манбаъ, мақсад аз баргузории ин анҷуман рушду нумуъ ва таблиғу ташвиқи забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон буда, яке аз ҳадафҳояшон ҳамасола гузаронидани чунин анҷуманҳо барои омӯзгорони забони фаронсавӣ ва баргузории озмунҳо байни омӯзгорону донишҷӯён мебошад. Дар назар аст, ки миёни устодони забони фаронсавӣ 7-уми апрел дар Маркази фарҳангии «Бактрия» озмун доир гардад. Ғолибони озмун барои бозомӯзӣ ва такмили малакаи забондонӣ ба Фаронса фиристода мешаванд.
XS
SM
MD
LG