Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлаҳо дар Афғонистон панҷ амрикоӣ ҷон бохтанд


Бар асари таркишу ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон панҷ шаҳрванди Амрико ва як табиби афғон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, рӯзи шанбе дар шаҳри Қалот, маркази вилоятии ҷанубии Зобул се сарбози амрикоӣ, як дипломати ин кишвар ва табиб қурбонии инфиҷор шуданд. Дар ин ҳодиса чанд амрикоӣ ва афғони дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба иттилои низомиёни баландпояи амрикоӣ, боз як сарбози кишвар бар асари ҳамлаи ҷангҷӯён дар шарқи Афғонистон ҷон бохт.

Ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки генерал Мартин Демпсӣ, раиси Кумитаи раҳбарони ситодҳои низомии ИМА, барои баррасии стратегияи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ вориди Афғонистон шуд. Ба иттилои расмӣ, ӯ дар мулоқот бо низомиёни баландпояи амрикоӣ ва мансабдорони афғон мавзӯъи шумораи афсарону сарбозонеро баррасӣ мекунад, ки баъд аз хатми хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG