Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2013 миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 6-уми апрел шурӯъ шуд.

Дар мусобиқаи имсола 11 даста - «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), ССКА «Помир» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Энергетик» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) ширкат доранд ва дар ду давра рақобат мекунанд.

Натоиҷи бозиҳои даври аввали мусобиқа чунин аст:
1. «Истиқлол» - «Вахш» - 0:0. Варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Дар дақиқаи 55-ум бозигари "Истиқлол" Фатҳулло Фатҳуллоев барои бо пой задани рақибаш аз майдон ронда шуд.
2. «Хайр» - «Панҷшер»- 2:0. Варзишгоҳи “Хайр”-и Ваҳдат. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Голҳо: Зафарҷон Назиров, 57 (1:0, тӯбро ба дарвозаи дастааш зад), Ҷамшед Исмоилов, 85 (2:0). Тӯби ба дарвозаи дастааш задаи Зафарҷон Назиров аввалин голи мусобиқаи имсола ба шумор меравад.
3. «Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд» - 1:0. Варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Гол: Сардорбек Эминов, 60 (1:0). Ҷамолиддин Зардиев ва Маҳмадалӣ Содиқов (ҳарду аз дастаи "Хуҷанд") дар ҷараёни бозӣ аз майдон хориҷ шуданд.
4. «Парвоз» - ССКА «Помир» - 0:0. Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и Бобоҷон Ғафуров. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

7 апрел (якшанбе)
5. «Энергетик» - «Истаравшан» - 0:0. Варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе. Сардовар: Рустам Холов (Душанбе).

Дастаи «Равшан», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки аз бозии даври аввал озод аст, дар даври дувуми мусобиқа рӯзи 14-уми апрел дар майдони худ бо тими “Энергетик” рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки баъди анҷоми бозӣ бо «Вахш» дастаи «Истиқлол» ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътироз навиштааст. Дар он гуфта мешавад, ки ду бозигари «Вахш» - дарвозабон Силванус Ивансгбетӣ (легионери 20-солаи африқоӣ аз Гана) ва нимҳимоятгар Камолҷон Ортиқов (капитани даста) ҳуқуқи ба майдон омаданро надоштанд. Зеро ки дар шаҳодатномаи ширкаткунандаи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ё корти ID норасоиҳо мавҷуд буданд.

Бинобар ин, бар асоси регламент ё дастури мусобиқа дастаи «Вахш»-ро бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 таҳдид мекунад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин масъала дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи ФФТ рӯзҳои наздиктарин баррасӣ хоҳад шуд.

Дарвоқеъ, бозии «Истиқлол» бо «Вахш» хеле пуршиддат сурат гирифт. Ҳарчанд мизбонон бартарии комил доштанд, вале аз лаҳзаҳои зиёди голзанӣ истифода карда натавонистанд. Дарвозабони «Вахш» Силванус Ивансгбетӣ дар ин бозӣ беҳтарин буд ва маҳз маҳорати баланди ӯ ба мизбонон имкон надод, ки муваффақ шаванд.

Салоҳиддин Ғафуров - сармураббии дастаи «Вахш»
Салоҳиддин Ғафуров - сармураббии дастаи «Вахш»
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Вахш», ба радиои Озодӣ гуфт, «бозии аввалини мо дар мусобиқаи имсола хеле шавқовар гузашт. Рақиби мо – дастаи «Истиқлол», ки бозигарони пуртаҷрибаю моҳир дорад, хуб бозӣ кард, вале корашон барор нагирифт. Бозигарони мо бошанд, бисёрашон ҷавонанд. Мо ба ин бозӣ фурсат надоштем, ки хубтар тайёрӣ бинем, аниқтараш ҳамагӣ 10 рӯз омодагӣ дидем. Ҳоло дар дастаи мо масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Вале ба ин нигоҳ накарда, бачаҳои мо муқобили дастаи пурқувват нағз бозӣ карданд. Имрӯз дарвозабони нави мо Силванус Ивансгбетӣ аз Гана маҳорати баланд нишон дод ва умедворам, ки ӯ ба мисли Фарҳод Юлдошев (собиқ дарвозабони «Вахш») ба қатори беҳтаринҳо дохил мешавад. Мо ба ҳайати даста, аслан, бозигарони ҷавонро гирифтаем ва 6 нафарашон аз тими «Равшан»-и Кӯлоб ва 1 нафар аз дастаи "Ҳосилот"-и Фархор мебошанд. Мо имкони молӣ надорем, ки бозигарони ботаҷрибаро даъват намоем. Дар айни ҳол ба мо роҳбарони ҳукумати вилояти Хатлон ва ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа кумак мекунанд ва умедворем, ки мо минбаъд сарпарасти худро пайдо менамоем. Дар бораи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар гуфтаниам, ки дар шароити кунунӣ 11 даста барои лигаи олӣ кофист. Мо дар ду давра 20 бозии тақвимӣ анҷом медиҳем. Инчунин, дар бозиҳо барои Ҷоми Федератсияи футболи кишвар ва Ҷоми Тоҷикистон иштирок хоҳем кард.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG