Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Генерал Демпсӣ ғайримунтазира ба Афғонистон омад


Генерал Мартин Демпсӣ

Генерал Мартин Демпсӣ

Генерал Мартин Демпсӣ барои баррасии стратегияи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ вориди Кобул шудааст.

Ба иттилои расмӣ, раиси Кумитаи раҳбарони ситодҳои низомии ИМА дар мулоқот бо низомиёни баландпояи амрикоӣ ва мансабдорони афғон мавзӯъи шумораи афсарону сарбозонеро баррасӣ мекунад, ки, бар пояи созиши пешакӣ, баъд аз хатми хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 дар Афғонистон боқӣ мемонанд.

Томас Коллинз, намояндаи Эътилофи байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки мавзӯи сӯҳбати генерал Мартин Демпсӣ бо мақомоти амниятии Афғонистон мушаххас нашудааст ва аммо ҳадс мезанад, ки шояд тавоноии нерӯҳои амниятии Афғонистон баъд аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба бехатарӣ баҳсу баррасӣ шаванд.

Қарор аст, ки раиси Кумитаи раҳбарони ситодҳои низомии ИМА бо генерал Ҷозеф Дандорф, фармондеҳи нави нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, дидору гуфтугӯ кунад. Ба гуфтаи Томас Коллинз, генерал Демпсӣ аз як пойгоҳи низомии амрикоӣ дар минтақа ҳам дидан мекунад, аммо макони ин пойгоҳ бо далели амниятӣ ифшо намешавад. Моҳи августи соли гузашта ҷангҷӯён ба ҳавопаймои генерал Демпсӣ, ки дар фурудгоҳи Багром қарор дошт, мушак андохтанд. Дар он ҳодиса ду нафар аз кормандони пойгоҳ маҷрӯҳ шуда буданд. Генерал Демпсӣ маҷбур шуд, ки барои идомаи сафараш аз дигар ҳавопаймо истифода кунад.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар бораи он ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон чӣ теъдод низомиёни амрикоӣ боқӣ мемонанд, чизе нагуфтааст ва аммо ҳадс зада мешавад, ки шумораи онҳо 9 ё 10 ҳазор нафар хоҳад буд. Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 66 ҳазор низомии амрикоӣ мустақаранд. Се сол пеш теъдодони онҳо ҳудуди 100 ҳазор нафар буд.
XS
SM
MD
LG