Пайвандҳои дастрасӣ

Пиллай: Маҳбаси Гуантанамо бояд баста шавад


Навӣ Пиллай

Навӣ Пиллай

Навӣ Пиллай, раиси идораи ҳуқуқи башари СММ, аз ИМА даъват кард, ки зиндони пойгоҳи низомӣ дар Гуантанаморо бандад. Дар ин маҳбас гумонбарон дар терроризм нигаҳ дошта мешаванд.

Дар изҳороти хонум Пиллай, ки рӯзи ҷумъа нашр шуд, омадааст, ба мӯҳлати номуайн дар маҳбас нигаҳ доштани одамон хилофи қавонини байнулмилалист. Ба гуфтаи ӯ, дар ин маҳбаси пойгоҳи низомии Амрико баъзе аз гумонбарон беш аз даҳ сол боз “мепӯсанд”.

Гуруснанишинии маҳбусони Гуантанаморо хонум Навӣ Пиллай “аз навмедӣ” номидааст. Ӯ афзудааст, аз он ки маҳбаси Гуантанамо бо вуҷуди ваъдаҳои Вошингтон барои бастани он ҳанӯз ҳам амал мекунад, дилсард шудааст.

Чанд рӯз пеш мақомоти ИМА иқрор карданд, ки 39 маҳбуси зиндони Гуантанамо даст ба гуруснанишинӣ задаанд, Айни ҳол дар ин маҳбаси амрикоӣ 166 нафар нигаҳ дошта мешаванд ва фақат ба шаш нафари онҳо расман иттиҳом эълон шудааст. Тақрибан 90 маҳбус бояд Гуантанаморо тарк намоянд ва аммо бар асари мушкили ҳуқуқӣ дар ИМА ё дар зодгоҳҳояшон дар зиндон боқӣ мондаанд
XS
SM
MD
LG