Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи нақлиётӣ дар Эрон афғонҳо ҷон бохтанд


Садамаи нақлиётӣ дар Эрон мунҷар ба ҳалокати 18 нафар, аз ҷумла, 15 шаҳрванди Афғонистон шуд. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар вилояти Кирмон, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар, як мошини ҳомили маводи сӯхт ба мошине бархӯрд, ки афғонҳо савори он буданд ва оташ гирифт.

Хабаргузории Форс навиштааст, ки афғонҳо марзи Эронро ғайриқонунӣ убур карда буданд. Ҳадс зада мешавад, ки онҳо чун ҳазорон сокинони дигари Афғонистон, барои дарёфти кор вориди хоки Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG