Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушарраф дар хиёнат ба Покистон гумонбар мешавад


Додгоҳи Олии Покистон барои баррасии парвандаи ҷиноӣ раисиҷумҳури пешин Парвиз Мушарраф аз рӯи банди «хиёнат ба Ватан» розӣ шуд. Қарор аст, ки муҳокимаи парванда рӯзи душанбе, 8 апрел, шурӯъ шавад.

Гурӯҳи додрасҳои маҳаллӣ дар аризаи худ ба додгоҳ навиштаанд, ки замони сари қудрат будан Парвиз Мушарраф ду бор Қонуни асосии кишварро поймол кардааст – бори аввал соли 1999, ки баъд аз кудатои низомии ҷонибдорони ӯ амали Қонуни асосӣ мутаваққиф шуд ва баъдан соли 2007, баъд аз ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар Покистон.

Парвиз Мушарраф рӯзи 24 март, баъд аз чаҳор соли ғурбати ихтиёрӣ, ба Покистон баргашт. Ӯ мехоҳад дар интихоботи парлумонии рӯзи 11 май ширкат кунад. Алайҳи раисиҷумҳури пешин аз рӯи чанд иттиҳоми дигар, аз ҷумла, даст доштан дар марги нахуствазири пешини Покистон Беназир Бҳутто дар соли 2007, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG