Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама панҷ дарсади маоши худро пас медиҳад


Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама панҷ дарсади маоши худро боз мегардонад.

Кохи Сафед эълон кард, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба манзури нишон додани ҳамбастагӣ ба кормандони идораҳои давлати федералӣ, ки бинобар коҳиши будҷа, бахше аз маоши онҳо кам мешавад, панҷ дарсад аз маоши худро ба хазинадорӣ боз мегардонад.

Тибқи эъломи Кохи Сафед, тасмими Барак Обама маоши моҳи мартро низ шомил хоҳад шуд ва то охири моҳи сентябри имсол, ки поёни соли молӣ аст, идома хоҳад кард.

Ба навиштаи рӯзномаи «NewYork Times», ин тасмими Барак Обама як рӯз пас аз он эълом шуд, ки Чак Ҳегел, вазири дифои Амрико ва муовини вай эълом карданд, ки бахше аз маоши худро ба хотири ҳамбастагӣ ба коҳиши ҳуқуқи кормандони ғайринизомии ин вазоратхона, дар соли молии ҷорӣ, бозпас хоҳанд дод.

Маоши солонаи раиси ҷумҳури Амрико ҳудуди 400 ҳазор доллар аст ва панҷ дарсади ин рақам ҳудуди 20 ҳазор доллар хоҳад буд. Барак Обма қасд дорад тамоми ин маблағро дар моҳҳои боқимонада аз соли ҷории молӣ, яъне то поёни моҳи сентябр, ба хазинадории Амрико бозгардонад.

Маоши раисони ҷумҳури Амрико тибқи қонун таъйин шуда ва дар даврони раёсати ҷумҳурӣ, тағйири он иҷозат нест. Бинобар ин, оқои Обама ин маблағро бо навиштани чеки ҳар моҳа, ба ҳисоби хазинадорӣ, пардохт хоҳад кард.
Тибқи оморҳои расмии мавҷуд, дар соли 2011 даромади муштарак ва холиси Барак Обама ва ҳамсари вай Мишел ҳудуди 790 ҳазор доллар будааст.

Даромади аслии ӯ ба иловаи маошаш, аз фурӯши китобҳои ӯ мебошад. Дар ҳамон сол хонаводаи Обама ҳудуди 170 ҳазор доллар, яъне 22 дарсади даромади холиси хонаводаи худро ба ниҳодҳои хайриявӣ тақдим карданд.
Барак Обама ба иловаи маоши солонаи худ, мисли Ҷорҷ Буши писар, раиси ҷумҳури қаблии Амрико, 50 ҳазор доллар барои масрафоти ҷорӣ ва 100 ҳазор доллар барои хароҷоти мусофират дарёфт мекунад.

Рӯзномаи NewYork Times меафзояд, ки иқдоми вазири дифоъ ва муовини вай барои бозпас додани бахше аз маоши худ мумкин аст соири мақомоти аршади давлати Аамрикоро дар вазъияте қарор дода бошад, ки онҳо низ ин иқдомро такрор кунанд.

Кохи Сафед ҳанӯз эълом накардааст, ки оё Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳур низ дарсадии маоши солонаи 230 ҳазор долларии худро пас хоҳад дод ё на. Пас аз эъломи тасмими Барак Обама, сенатори демократ аз вилояти Аляска низ эълом кард, ки бахше аз маоши худро пас хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG