Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 14 ҷангҷӯи Толибро куштаанд


Нерӯҳои Покистон дар амалиёти наве барои маҳви ҷангҷӯёни Толиб, 14 нафари онҳоро кушта ва чаҳор сарбози худро ҳам талаф додаанд. Мақомоти расмӣ рӯзи ҷумъа гуфтанд, ҷангҷӯёни Толибро дар ноҳияи қабоилнишини Хайбари Дараи Тирай, дар марзи Афғонистон куштанд. Толибони Покистон аз моҳи январ ба ин тараф дар ин маҳал бо шибҳанизомиёни тарафдори ҳукумат меҷангиданд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар ин ҷанг 5 сарбози дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ҷангҳо дар Дараи Тирай то кунун 44 ҳазор нафар беҷо шудаанд. Таҳрики Толибон мехоҳад ин минтақаи кӯҳистонии стротегиро ба даст биёрад.
XS
SM
MD
LG