Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон як афсари пулиси афғонро куштанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, Толибон бо як усули ғайриинсонӣ, як маъмури пулисро кушта ва се ғайринизомии дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Сарҳадӣ Звак, сухангӯи ҳукумати вилояти Лағмон гуфт, ки як хари бобмгузоришуда дар назди посгоҳи пулис дар ноҳияи Алингор мунфаҷир шудааст ва зоҳиран бомби насбшуда дар хӯрҷини ӯро аз дур ба ҳаракат даровардаанд. Сарҳадӣ Звак ин амали бераҳмонаро кори дасти Толибон хонд, ки дар гузашта аз ин усул истифода кардаанд. Рӯзе пештар аз ин ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба додгоҳи вилояти Фароҳи Афғонистон 53 нафарро кушта ва 100 тани дигарро маҷрӯҳ карданд.
XS
SM
MD
LG